image

Баргузории хониши сиёсӣ таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ

date_range14.12.2023, 15:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye301

Тибқи нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон хониши сиёсӣ, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Чорабинии навбатиро масъулини Донишгоҳ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки имрӯзҳо барои мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз тарафи Пешвои муаазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконияту шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон имрӯз дар ҳама соҳаҳо бе ягон мушкили кору фаъолият мекунанд.

Сипас, муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” маърӯза намуд.

Қайд карда шуд, ки ватандӯстӣ имрӯз як рукни асосии мафкураи миллии Тоҷикистон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккул додани амнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, якчанд нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо "Сипоснома"-и Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинии зебои фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат идомабахши ҳамоиши имрӯза гардид.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"