image

Даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии “Китобхонаи беҳтарин” дар ноҳияи Сино оғоз гардид

date_range15.12.2023, 09:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye327

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз 14-ум то 16-уми декабри соли равон миёни вазорату кумита, ташкилоту муассиса, шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Сино даври ноҳиявии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» баргузор карда мешавад. Дар рӯзи аввали баргузории озмун ҳайати ҳакамон ва комиссияи озмун аз китобхонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Озмуни ноҳиявии "Китобхонаи беҳтарин" бо мақсади эҳё ва рушди фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ, бедор намудани ҳисси масъулият нисбат ба эҳтироми китоб, завқи китобхонӣ, эҳтиёт намудани китоб, китобдӯстӣ, зебоипарастӣ, завқи эстетикии хонандагон баланд бардоштани сатҳи тарбияи онҳо ташкил карда мешавад.

Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» бо мақсади мустаҳкам намудани пойгоҳи моддӣ-техникии китобхонаи мактабӣ, ғанӣ гардонидан ва таъмин намудани онҳо бо миқдори зарурии адабиёти бадеӣ ва бачагона роҳандозӣ гардида, ҳамзамон баҳри баланд намудани нуфузи китобхона ҳамчун ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи раванду таълиму тарбия нигаронида шудааст.

Китобхонаи оилавии Бадриддин Мақсудов аз ҷумлаи довталаби дигар даври ноҳиявии Озмуни Китобхонаи беҳтарин буд. Дар ин хонадон зиёда аз 3 ҳазор нусха адабиёти илмӣ, бадеӣ, сиёсӣ, тахассусӣ ва соҳавӣ нигоҳдорӣ карда мешавад ва фарзандон ва дигар аҳли хонадон бо истифода аз он имкон дорад, донишҳои худро васеъ намоянд. Сарвари хонадон Бадриддин Мақсудов, ки устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ба фарзандон ҳамеша бо китоб дӯст будан ва аз он зиёда истифода намуданро талқин менамояд.

Ҳайати ҳакамот зимни натиҷагирии озмун бештар ба низомнома, шиноснома, нақшаи кории китобхона, дастурамалаи вазифавӣ, рӯзномаи кории китобдор, китобҳои инвентарӣ ва умумӣ, шумораи толорҳои хониш, баромадан ба шабакаи иттилоотии интернет, таҷҳизоти техникӣ, намоиши китобҳои нав ва китобҳои фаромӯшшуда, таҳияи лавҳаи китобхонавӣ: роҷеъ ба китобҳо, шеърҳову порчаҳои ба мавзӯи Тоҷикистон бахшидаи адибон, таъмиру тармим ва тозагии китобхона, ташкил намудани мусобиқаи китобхони байни хонандагони мактаб ва натиҷаи он эътибори махсус зоҳир менамоянд.

Дар шаҳраки 102-юми ноҳияи Синои пойтахт маркази илмиву бадеӣ ва омӯзишии “Хонаи Дониш” фаъолият менамояд, ки аъзои ҳакамони озмун аз рӯи номинатсияи беҳтарин китобхонаи омма аз ин марказ дидан карданд. Бино ба иттилоъи кормандони марказ дар ин ҷо баҳри хонандагон ва дигар алоқамандону дӯстодорони китоб асарҳои ба фарогирии 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фароҳам оварда шудааст. Хонандагон низ дар ин баробар аз мавриди истифода қарор гирифтани чунин як макони илму адад хушҳол гардиданд ва фаъолияти ин марказро дар сайқали донишу малакаи хонандагон ва умуман сокинон муҳим арзёбӣ намуданд.

Китобхонаи оилавии Гавҳар Умарова аз ҷумлаи довталабони даври ноҳиявии озмун дар ноҳияи Сино буд. Дар китобхонаи оилавии худ зиёда аз 3 ҳазор китобҳои илмиву бадеӣ, соҳавӣ, бачагона ва дигар китобҳои тахассусиро ҷамъоварӣ намудааст. Аъзои ҳакамони озмун бо китобхонаи олиавии Гавҳар Умарова аз наздик шинос шуданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"