image

Ҷамъбасти Озмуни шаҳрии “Рассоми наврас”

date_range15.12.2023, 15:15 chat_bubble_outline0 remove_red_eye329

Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ҷамъбасти Озмуни шаҳрии “Рассоми наврас” доир гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати фарҳанги МИҲД шаҳри Душанбе, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” озмуни шаҳрии “Рассоми наврас” гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни соҳибистеъдодҳои наврас бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба соҳаи санъати тасвирӣ баланд бардоштани сатҳи зебоишиносии кӯдакону наврасон, дарёфт ва тарғиби асарҳои рассомони наврас равона гардидааст.

Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ҳамаи иштирокчиёни озмунро табрик намуда, иброз дошт, ки Озмун мусобиқаи эҷодӣ буда, дар як давр вобаста ба синну сол дар ду гурӯҳ, аз рӯи равияи санъати тасвирӣ гузаронида шуд: гурӯҳи хурдсолон аз 8 то 12 сола, гурӯҳи наврасон аз 13 то 17 сола. Кӯдакону наврасон ҳар яке кӯшидаанд, то расмро зебову табиӣ тасвир кунанд.

Қобили тазаккур аст, ки аксар расмҳои пешниҳодгардида дар васфи табиати зебову нотакрори мамлакати офтобрӯя, симои шаҳру деҳот, ва ҳамчунин, симои пойтахти кишварамон, дар муддати кӯтоҳ ба куллӣ тағйир ёфтааст, тасвир гардидаанд. Маврид ба зикр аст, ба озмун шумораи хеле зиёди расмҳо пешниҳод гардиданд ва 10 нафар иштирокчӣ ғолиб дониста шуд.

Ҳамин тариқ, дар ҳар ду гурӯҳ, яъне аз 8 то 12 сола ва аз 13 то 17 сола, (дар маҷмӯъ 10 нафар) 1 нафарӣ соҳиби ҷои аввал, 2 нафарӣ соҳиби ҷои 2-юм ва 2 нафарӣ сазовори ҷои 3-юм гардиданд. Ба ғолибони ҷойҳои аввал диплому мукофотпулиҳои Раёсати фарҳанги МИҲД шаҳри Душанбе тақдим гардиданд.

Ҳамчунин 22 нафар иштирокчии Озмун бо ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"