Дар Кохи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон семинари илмӣ доир шуд
Дар Кохи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон барои мутахассисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва роҳбарони соҳавии иттифоқҳои касаба семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ширкатҳои трансмиллӣ ва ҷалби онҳо ба шарики иҷтимоӣ-ҳолат ва дурнамо» баргузор гардид.
Дар семинари ҷумҳуриявӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва мутахассиси калони Бюрои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар шаҳри Москва Гоҷа Александрия ва кормандони иттифоқи касаба оид ба ҳадафҳои баргузории семинар ибрози андеша намуданд.
Сипас иштирокчиён дар мавзӯҳои «Таҳлилӣ вазъи кунунии муколамаи иҷтимоӣ дар коллективҳои меҳнатии ширкатҳои трансмиллии соҳаҳои мухталифи иқтисодии Тоҷикистон», «Меъёрҳои байналмиллалии меҳнат ва тавсияҳои ТБМ-Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат оид ба татбиқи онҳо, таҷриба ва амалия», «Ширкатҳои трансмиллӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандон, таҷрибаи ширкатҳои муштарак дар танзим ва сатҳи татбиқи муколамаи иҷтимоӣ дар корхона, ва «Ҳифз ва бехатарии меҳнат, масъалаҳои татбиқи меъёрҳои қонунгузории меҳнат» баромад намуданд.
Дар идома зикр шуд, ки ташкилотҳои иттифоқхои касабаи ҷумҳурӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои мавҷуда барои ба шарикии иҷтимоӣ ҷалб намудани корфармоёни ширкатҳои трансмиллӣ кори мақсаднокро пеш мебаранд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ