image

Намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ

date_range18.12.2023, 10:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye353

Дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдураҳмон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Умед Гуреззода ва намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми иштирок дар ифтитоҳи намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз гӯшаю растаҳои маҳсулоти ниёзи аввал дидан карданд. Дар ин замина ёдрас мешавем, ки намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодии 2024» ташкил карда шуд, ки мақсад аз роҳандозии он ғанӣ гардонидани дастархони сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввал арзёбӣ мегардад.

Дар намоиш – фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон пешкаши харидорон карда шуд. Сокинони пойтахт маҳсулоти лозимии худро бо як руҳияи баланд ва дар фазои оромию фаровонӣ дастрас ва харидорӣ намуданд.

Нархгузорӣ дар намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дастрас буд: Як килограмм гӯшти гов – 55 сомонӣ, як килограмм картошка – 3 сомонӣ, як килограмм сабзӣ – 1 сомонӣ, як килограмм пиёз 1 сомонию 50 дирам, як килограмм каду 1 сомонию 50 дирам, як килограмм карам 1 сомонӣ, як килограмм гулкарам 2 сомонӣ, як килограмм шалғам 1 сомонию 50 дирам, як килограмм турб 1 сомонӣ, як килограмм себ 4 сомонӣ, як килограмм лимон 8 сомонӣ, як килограмм бодиринг 6 сомонӣ, 5 литр равғани растанӣ 65 сомонӣ ва як бастаи тухми мурғ иборат аз 30 дона 30 сомонӣ арзиш дошт.

Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчунин сокинон ва меҳмонони пойтахт аз маҳсули дастранҷи ҳунармандони вилояти Хатлон дидан карда, ба маҳорати ҳунармандӣ ва кадбонугии занону бонувони хатлонзамин шинос шуданд. Гӯшаи пухтупазии маҳсулоти нонӣ ба Намоишгоҳ фаровонии мукаммалро эҳдо намуд.

Дар гӯшаи дигари Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” кадбонуҳои вилояти Хатлон анвои гуногуни нонӣ, аз қабили нони чаппотӣ ва кулчаҳои равғанин пухтанд.

Хотиррасон мекунем, ки дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон зиёда аз 40 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба сокинони пойтахт ба фурӯш гузошта шуд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"