Дар шаҳри Душанбе даври дуюми Олимпиадаи “SPELLING BEE” ВА “ШОҲМОТ” баргузор гардид
Бо ибтикори бевоситаи Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи “SPELLING BEE” ВА “ШОҲМОТ” байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи МИҲД ноҳияи Сино, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, иштирок намуданд. Ташкил ва баргузор намудани озмун ва олимпиадаҳо, яке аз усулҳои бо самари дастгирӣ ва ҷалб кардани хонандагони болаёқат ба донишандӯзӣ ва илмомӯзӣ мебошад.
Ҳадаф аз баргузории Олимпиадаи “SPELLING BEE” ВА “ШОҲМОТ” дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанни забони англисӣ шавқу рағбат доранд, ғанӣ гардонидани хазинаи луғавии хонандагон тавассути азхуд намудан ва истифодаи ҳарчи бештари калимаҳо, ва инчунин ташвиқи бозии шоҳмот миёни хонандагон, дарёфти истеъдодҳо ва ташаккули тафаккури онҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино”воситаҳои муосири дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба роҳ мондааст. Дар Олимпиадаи “SPELLING BEE” 160 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино (90 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 70 нафар хонандагони литсей ва гимназияҳо) иштирок намуданд.
Дар Олимпиадаи “ШОҲМОТ” бошад, 190 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино (100 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 90 нафар хонандагони литсей ва гимназияҳо) иштирок намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ