image

Ҷамъбасти семинари омӯзишӣ дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони Вазорати адлия

date_range21.12.2023, 10:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye250

Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзиширо барои кормандони Вазорату идораҳо дар асоси модули таълимии “Тартиби банақшагирӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” бароҳ монда буд, ки дар ин мудат наздик ба 60 нафар шунаванда аз ин модули таълимӣ баҳраманд гардиданд.

Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкур чунин семинарҳои омӯзиширо баҳри баланд бардоштани маҳорату малака ва донишу маҳорати кормандони соҳа пайваста ба роҳ мемонад. Ин навбат низ дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишкада ва дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин курси омӯзишӣ роҳандозӣ гардида буд, ки он дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст гардида, шунавандагон, ки шумораи зиёди кормандони Вазорату идораҳои давлатӣ буданд, соҳиби шаҳодатномаи хатми курси омӯзишӣ гардиданд.

Дар идома роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки бо инобати хоҳиш ва талаботи шунавандагон чунин курсҳои омӯзиширо дар соли оянда низ дар як сатҳи хуб ва бо ҷалби омӯзгорону мутахасисони ботаҷриба бароҳ мемонанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"