Вохӯрии волидони таълимгирандагони «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и н.Фирдавсӣ бо намояндагони МИҲД-и ноҳия
Дар Муассисаи давлатии «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и н.Фирдавсии пойтахт вохӯрии волидони таълимгирандагони Марказ дар мавзӯи «Дар бораи тарғиби фарҳангӣ миллӣ ва даст кашидан аз фарҳангу одатҳои бегона ва бегонапарастӣ» баргузор гардид.
Бо мақсади робитаи доимии волидон бо муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон пайваста тадбирҳои судманд амалӣ мегардад. Дар вохӯрии навбатӣ волидони таълимгирандагони «Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон»-и н.Фирдавсии пойтахт, намояндагон аз МИҲД-и ноҳия, роҳбарияти ин муассиса ва падару модарони аъзоёни маҳфилҳои эҷодиву ҳаваскории Марказ иштирок намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки имрӯз ҳар фарде, ки ба ҳар гӯшаи шаҳри дилорои Душанбе назар афканад, аз ободиву сарсабзӣ ва шукуфоии он хушнуд мегардад. Ва ин ҳама бешак аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти шаҳр ба тадбирҳои ободонӣ далолат медиҳад. Аммо боиси ташвишу нигаронист, ки бархе аз сокинони пойтахт то ба ҳол ба талаботҳои шаҳрнишини риоя накарда, бо овезон намудани ҳар гуна либосу ашёҳо дар айвонҳои хонаҳои истиқоматии биноҳои баландошёна зебоии шаҳрро коста гардонидаанд. Сокинони пойтахтро месазад дар заминаи маърифати баланди шаҳрнишинӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт барои ободиву шукуфоӣ ва сарсабзии шаҳри дилорои Душанбе ҳиссаи арзанда гузоранд.
Дар идома доир ба фарҳанги миллӣ, риояи он дар муассисаҳои таълимӣ ва тарғибу ташвиқи маданияти либоспушӣ андешаронӣ сурат гирифт. Илова бар ин дар робита ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ андешронӣ сурат гирифт. Аз ширкатдорон талаб шуд, ки дар ин самт бо масъулият рафтор намоянд ва дар муҳити хона ба таълиму тарбияи фарзандон бештар таваҷҷуҳ намоянд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ