image

Ҷаласа дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

date_range21.12.2023, 16:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye404

Дар робита ба амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 рӯзи 21 декабри соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи мазкур таҳти раёсати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Раиси Шӯро баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 аъзоёни Шӯро – намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷиҳати амалисозии самараноки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он мусоидат менамояд.

Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умум ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.

Дар ҷаласаи Шӯро раванди татбиқи Барнома ва амалисозии Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуки инсон барои солҳои 2022-2026 дар соли 2023 ва фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин самт баррасӣ гардида, фаъолиятҳои муштарак дар соли 2024 тарҳрезӣ гардиданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки амалисозии Барнома ҷиҳати боз ҳам баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат менамояд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"