Ҷалби хонандагон ба касбу ҳунаромӯзӣ дар маҳфилҳои эҷодии Маркази кӯдакон ва наврасон
Дар Муассисаи давлатии Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои омӯзиши касбу ҳунар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, омӯзгорон бо истифодаи онҳо ба маҳфилчиён нозукиҳои ҳунарҳоро меомӯзонанд.
Дар маркази мазкур 43 маҳфил амал мекунад ва таваҷҷуҳи насли наврас низ бештар аст. Ба маҳфили дӯзандагӣ духтарон ҷалб гардида, бо ёрии омӯзгорон нозукиҳои ин касбро меомӯзанд. Хонандагон низ кӯшиш мекунанд то ҳамарӯза дар маҳфилҳо иштирок намуда, касбҳои интихоб намудаашонро ба зудӣ аз худ намоянд.
Тибқи иттилоъ дар маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ғайр аз маҳфилҳои касбомӯзи инчунин маҳфилҳои забономӯзи низ фаъолият мекунанд, ки омӯзгорони соҳибтахасус ба кор ҷалб гардидаанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ