image

22 декабр Рӯзи касбии кормандони соҳаи барқ

date_range22.12.2023, 15:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye434

Ҳамасола 22-уми декабр дар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи касбии кормандони барқ таҷлил карда мешавад ва дар ин рӯз аз корнамоиҳои барқчиён ёдоварӣ намуда, онҳо қадрдонӣ мегарданд. Вобаста ба ин дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи ш. Душанбе чорабинӣ баргузор гардид.

Дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи ш. Душанбе” таҷлили Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи барқ бо иштироки муовини Расиси шаҳри Душанбе Саломзода Сиҷоуддин, намояндаи Ширкати барқи тоҷик, масъулини Раёсати давлатии назорати энергетикӣ ва роҳабрияту кормандоони шабакаҳои барқ баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси шаҳри Душанбе баромад намуда, ҳозиринро ба Иди касбияшон аз номи роҳбарияти шаҳри Душанбе таҳният гуфта, иброз дошт, ки соҳаи энергетикаи каишвар бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда барои пешрафти он пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Ширкати барқи тоҷик баромад намуда, зикр карданд, ки шаҳри Душанбе аз ҳама ҷиҳат рушд ёфта, корхонаҳои санотатӣ низ бештар гардида истодааст. Аз ин сабаб бештари барқ имрӯз дар пойтахт сафарбар карда мешавад. Бо назардошти ин таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе ба ин самт хеле зиёд аст.

Зимни баромади худ сардори “Шабакаҳои тақсимоти барқи ш. Душанбе” бо ёдоварӣ аз кормандони собиқадор, ки ҳастии худро барои рушду пешрафти ин саҳа, бахусус дар пойтахт бахшиданд сухан намуда, кори кормандони соҳаро дар ин самт беназир унвон намуд.

Мусалм асат, ки кормандони соҳа ин Идро аз он сол то ба ин сол бо заҳмату талошҳои пайгирона ва бо муваффақият, сарбаландона пешвоз мегиранд. Дар хотимаи чорабинӣ ба як катор кормандони соҳа сипосномаи МИҲД шаҳри Душанбе ва ифтихорномаҳои шабакаҳои барқ тақдим карда шуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"