image

Маросими қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия»

date_range22.12.2023, 18:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye378

Дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими қадрдонии ғолибони озмуни ҷумҳуриявиро оид ба тарғиботи зиддикоррупсионии «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия» доир карда шуд.

Озмуни мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», ки аз 1 марти соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, роҳандозӣ шуд.

Ба озмуни мазкур, ки «Васоити ахбори омма муқобили коррупсия» номгузорӣ гардида буд 33 нафар муаллифон маводҳои худро, ки дар матбуоти даврии кишвар дар соли равон ба нашр расидаанд, пешниҳод намуданд. Дар озмун ҳайати ҳакамон бештар ба маҳорати журналистӣ, нависандагӣ, таҳқиқгарӣ, риояи назокати сухан, забон, услуб, пайвастагии афкор ва бандубасти андешаҳо бо дарҷ намудани аркому далелу мантиқ дар мавзӯи мазаммати коррупсия, муқобила бо коррупсия, пешгирии ин зуҳуроти номатлуб, нишон додани таъсири манфии он ба рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеа ва давлат, мувофиқати мазмуну мундариҷаи мавод таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба озмун мақолаҳое роҳ ёфтанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҳамчунин матбуоти мустақили Тоҷикистон дар давоми соли 2023 дар мавзӯи мубориза бо коррупсия нашр гардидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки барои ҷои якум-7000 сомонӣ, ҷои дуюм 4000 сомонӣ ва ҷои сеюм 2000 сомонӣ чоиза муқаррар гардида буд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ маросими ҷамъбасти озмун бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати фарҳанг ва устодону донишҷуёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва рӯзноманигории муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» хар сол оид ба як мавзӯи мушаххас озмуни ҷумҳуриявӣ эълон карда мешавад. Дар соли 2024 озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Терроризм ва экстримизм вабои аср» эълон гардид.

Қиёмиддини Ҳомид

"ТВ Душанбе"