Баргузории Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб: ҳадаф муарифии анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии ИДМ дар шаҳри Душанбе
Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони иттифоқҳои рассомӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар фестивал ҳунармандон аз тамоми манотиқи кишвар ва намояндагони ёздаҳ кишвари дунё намунаҳои беҳтарини намудҳои ҳунарҳои мардумии худро, ки комилан тавассути зеботарин ва арзишмандтарин ҳунар, ҳунари дастӣ сохта шуда буданд, ба намоиш гузоштанд.
Ҳунармандон офаридаҳои худро ба меҳмонон ва иштирокчиёни фестивали мазкур муаррифӣ карда, оиди таърихи пайдоиш, тарзи таҳия ва аҳаммияти ҳунарҳои волои дастӣ суханронӣ намуданд.
Зимни оғози барномаи фарҳангию фароғатӣ, масъули Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури меҳмононро ба ин ҷашни бузургу бозори ҳунар хайрамақдам гуфтанд. Қайд карда шуд, ки дар ворид шудани ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили ҷашни Сада, «Тазҳиб-санъати зарҳалкорӣ» ва ҳунари атласу адрасбофӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият муҳтарам Пешвои муаззами миллат нақши беандоза доранд. Аз ин рӯ ҳифзи мероси миллию умумибашарӣ, рушди ҳунарҳои дастӣ ва табодули эҷодкорию офарандагӣ дар замони муосир барои ҳар як давлату миллат пураҳаммият буда, натанҳо дар густариши соҳаи фарҳанг балки дар таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.
Сипас ҳунармандони кишвар ва меҳмонони Фестивали байналмилалии Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиёӣ дар фазои фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, бо дипломҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир ҳунармандони кишвар бо пешниҳоди барномаи зебои фарҳангӣ табъи меҳмонону иштирокчиёнро болида гардонида, собит сохтанд, ки сеҳри фарҳангу ҳунар ҳамаи миллатҳоро дар ин фазои самимӣ ба ҳам овардааст.
Қиёмиддин Ҳамидов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ