image

Нахустнамоиши филми мустанади “Шери саҳна” дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

date_range26.12.2023, 11:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye461

Ба муносибати таҷлил аз рӯзи таъсисиёбии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар толори “Арғунун”-и ин даргоҳ нахустнамоиши филми мустанади “Шери саҳна”, ки аз ҳаёту рӯзгори Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов қисса мекунад баргузор шуд.

Шералӣ Абдулқайсов баробари ҳунарманди театру синамо будан яке аз омӯзгорон ва педагогони муваффақи ин даргоҳи таълимӣ маҳсуб меёфт, ки хизматҳояш дар ин самт ногузир аст. Филми мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони синамо таҳия шуда, тамоми паҳлуҳои зиндагӣ ва фаъолияти кории ҳунармандро дар бар гирифтааст ва мавриди истиқболи гарму самимонаи доираи васеъи ҷомеаи фарҳангиву ҳунарӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин дар ин ҷамъомад тамоми осору дастовард аз қабили китобу мақола, асбобҳои мусиқӣ, либосҳои театрӣ, ҷоизаҳо ва аксу наворҳои нодир, ки давоми фаъолияти худ ҷамоварӣ ва таълиф намудааст ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон қабл аз ворид шудан ба толори Арғунун аз ин намоишгоҳ дидан намуда, таасуротҳои нек бардоштанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷамъомади мазкур омӯзгорону донишҷӯён ва ҳунармандони шинохтаи кишвар иштирок намуда фикру андешаҳои худро қабл аз оғози намоиш иброз доштанд.

Дар ҷамомад зикр шуд, ки ҳунарманди зиндаёд ва нотакрор Шералӣ Абдулқайс нафаре буд, ки бо ҳунари волояш тавонист меҳри санъату ҳунарро дар қалби наслҳои нави ҷомеаи кишвар хуб тарғибу ташвиқ намояд. Шералӣ Абдулқайсов ҳунарманди саршиноси кишвар, ки ҳунараш марзҳоро убур намудаву маҳорати нақшофариаш дар дилу дидаи бинанда ҷо гирифтаст.

Шералӣ Абдулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Соли 1968 баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи педагогии ба номи Т.Шевченко ба факултаи санъат ба шуъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро бо муваффақият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти Ҷумҳурии Шуравии Сатсиалистии Тоҷикистон фаъолияти кории хешро дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ оғоз менамояд.

Ҳунарпеша аз соли 1996 дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси омӯзгор ба шогирдон дарс гуфтаасту имрӯзҳо шогирдону дастпарварони ҳунарманд дар театрҳо кору фаъолият намуда истодаанд. Шералӣ Абдулқайсов ҳунари хуби нависандагӣ низ дошт, ки мақолаҳои ӯро дар матбуоти даврӣ зуд зуд дидан мумкин буд. “Ба оянда тур меандозем”, “Чеҳраи боофарин”, “Зинаҳои камолот”, “Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард”, “Талоши ҳастӣ”, “Ҷавҳари ранги обӣ” ва монанди ин аз намунаи мақолаҳои ҳангомабори Шералӣ Абдулқайсов буд, аз ҷониби масулин ва коршиносон низ баҳои баланд гирифтаанд.

Шералӣ Абдулқайсов барои рушди санъати театриӣ ҷумҳурӣ хидматӣ арзишманде намуда умри боарзиши хешро бо офаридани нақшҳои тарбиявию ахлоқӣ дар театру синамо сипари намудааст. Нақшҳои офаридааш дар театр басо ҷазобу хотирмонанд аз қабилӣ: “Аломаи Адҳам”, “Лавҳаи инқилобӣ”, “Интихоби домод”, “Эдип”, “Куҷо равонаем”, “Зардушт”, “Тахти Султон Маҳмуд”, “Раъду барқ” ва дигарон.

Шералӣ Абдулқайсов ҳамзамон дар чандин филмҳои ватанию хориҷӣ нақш офарида синамои миллиро тавонистааст, ки миёни дигар кишварҳо муаррифи намояд. “Марди роҳ”, “Субҳи ҷавонии ман”, “Туҳмат”, “Падари Маҳтобӣ”, “Мусофир”, “Дафни гургон”, “Айёми алафҳои бегона” ва дигарон аз қабили офаридаҳои ӯ дар синамо маҳсуб меёбанд.

Шералӣ Абдулқайсов дар, зиёда аз 16 озмуну фестивалҳои ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ иштирок карда, сазовор ба гирифтани ҷоизаҳои зиёде гардидааст. Дар соли 2006 барои нақши беҳтарин аз руйи намоишномаи “Кабки қафас”- и Тимур Зулфиқоров ҷоиза ба даст оварда, соли 2007 –ум бошад дар фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши Амир Темур аз намоишномаи номбурда соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” гардидааст.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"