image

Дар шаҳри Душанбе ду коргоҳи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кард

date_range27.12.2023, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye589

Дар доираи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар кишвар ду коргоҳи нави истеҳсолӣ ба таъсис дода шуд.

Дар рафти ифтитоҳи Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Комбинати панир» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба иқдоми соҳибкор ҷиҳати роҳандозӣ намудани хати нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ изҳори сипос карданд.

Ҷамъияти саҳоми кушодаи «Комбинати панир» дар масоҳати сифру аз сад 97 гектар (0,97) бунёд шуда дар он зиёда аз 30 нафар корманд бо ҷойи кор ва шароити хуби корӣ таъмин мебошанд.

Комбинати мазкур 8 намуд маҳсулот, аз қабили қаймоқ, қаймоқи қаннодӣ, чакаи қаймоқӣ, чакаи хонагӣ, сметана, кефир, ҷурғот ва творог истеҳсол мекунад. Иқтидори солонаи коргоҳ дар як сол 720 тонна маҳсулотро дар бар гирифта, хати истеҳсолии коргоҳ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия оварда шудаанд.

Инчунин барои кушонидани маҳсулоти ширӣ 2 адад автомашинаи махсусгардонидашуда хизматрасонӣ менамоянд.

Дар ин рӯз ҳамзамон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт коргоҳи дигари истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз кард. Лозим ба таъкид аст, ки самти асосии хати истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КОКО» ба истеҳсолӣ маҳсулоти металлӣ нигаронидашудааст. Феълан дар коргоҳ 16 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Хати асосии истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия ворид гардидаанд. Коргоҳи мазкур аз се ошёна иборат мебошад. Инчунин дар ҳудуди корхона иншооти иловагӣ ва ёрирасон низ бунёд шудааст. Аз ҷумла дар як қисми иншоот мағозаи коргоҳ ташкил шудааст, ки тавассути он навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ашёҳои металӣ омодашуда ва дигар намуди маҳсулот, аз қабили таҷҳизоти зиддизарбавӣ, ҷевони электрикӣ, турбаи зарбавӣ монеагоҳҳои металлӣ ба фуруш гузошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бо бунёди чунин иншооти истеҳсолӣ дар ҳудуди пойтахт шумораи ҷойҳои нави корӣ бештар гардида, иқтидори саноатии шаҳр низ афзун мегардад. Ҳамин аст, ки як бахши аъзами нақша-чорабиниҳои ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии кишварро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ин бунёди корхонаҳои саноатӣ ташкил медиҳад. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тасмим гирифтанд, ки оянда дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон шумораи чунин коргоҳҳои истеҳсолиро зиёд намоянд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"