image

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ироаи Паёми Пешвои миллатро дар ҳамдастӣ тамошо намуданд

date_range29.12.2023, 14:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye359

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ироаи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат намояндагони МИҲД ноҳияи Шоҳмансур, ҳамчунин дигар сохторҳои ноҳия дар ҳамдастӣ тамошо намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд, ки дар кишвар шумораи аҳолии қобили меҳнат мунтазам рӯ ба афзоиш буда, дар панҷ соли охир 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин, суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад.

Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл зарур аст, ки тибқи супоришҳои қаблӣ дар соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шаванд. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ташкили ҷойҳои кории нав бо музди меҳнати муносиб дар дохили кишвар ва омӯзонидани касбҳои коргарӣ ба шаҳрвандон яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"