image

Дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии идонаи солинавӣ доир шуд

date_range04.01.2024, 14:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye322

Бахшида ба соли нави мелодӣ бо ташаббуси Муассисаи давлатии "Мактаби бачагонаи рассомӣ"-и назди Раёсати фарҳанги ш.Душанбе дар ҳамдастӣ бо "Мактаби бачагонаи санъат ба номи М. Аминзода"-и шаҳри Душанбе дар толори Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барномаи идонаи солинавӣ баҳри хонандагони ин мактабҳо ва тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе доир шуд.

Бояд гуфт, ки буду боши нафарони маъюб ва дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ ҳамешаву доим таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шасхони ташаббускор корҳои хайру савоб анҷом дода мешавад.

Иқдоми навбатӣ, ки дар соли нави мелодӣ баҳри тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе анҷом дода шуд, идомаи сиёсати созанда ва дастуру ҳиядотҳои раҳнамунсоз ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Ин тадбир минбаъд низ идома дода шуда, тамоми кӯдакону наврасони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд.

Ҷойи таъкид аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса таваҷҷӯҳи бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба буду боши таълимгирандагони муассисаҳои таълимии дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва равонӣ ва дар маҷмӯъ табақаи ниёзманди ҷомеа дар арафаи тамоми иду ҷашнҳо ба ин нафарон кӯмакҳо расонида мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"