image

Тақвияти фаъолияти Раёсати обёрии шаҳри Душанбе дар мавсими боришот

date_range09.01.2024, 10:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye376

Дар фасли зимистон бо инобати боришоти шиддатнок зиёд шудани оби наҳру селпартоҳо аз эҳтимол дур нест. Аз ин лиҳоз иншооти обпарто бояд мунтазам аз ҷониби сохторҳои марбута тоза гардида, барои интиқоли оби боришот дар маҷрои муайян мусоидат намоянд.

Бо ин мақсад кормандони Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и шаҳри Душанбе фаъолияти нақшавии худро тавсия дода, мунтазам иншооти иригатсиониро тоза менамоянд. Зеро дар ин давра сатҳи оби каналу селпартоҳо эҳтимоли зиёдшавӣ доранд ва дар сурати камғунҷоиш будани иншооти обпарто об ба роҳу кӯчаҳои шаҳр ҷорӣ мешавад, ки боиси халалдор гардидани ҳаракати пиёдагардон ва дар бархе маврид воситаҳои нақлиёт мешаванд.

Зимни наворбардории гурӯҳи эҷодӣ кормандони ин сохтор дар канлаи дериватсионии кучаи Ҳофизи Шерозӣ ва кучаи Шафақ, инчунин селпартои Проектная машғули корҳои соҳавӣ буданд.

Ҳазора, Говкуш, Карамов, Анзоб аз ҷумлаи каналу селпартоҳои шаҳри Душанбе ба шумор мераванд, ки дар ҳолати хубу корӣ ва тоза нигоҳ доштани онҳо аз ҳаргуна партов ва қуму шағал ба зиммаи кормандони Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и шаҳри Душанбе вогузор гардидааст.

Бо истифодаи техникаҳои коммуналӣ мувофиқи нақшаи тасдиқгардида наҳру селпартоҳои ҳудуди шаҳри Душанбе тоза карда мешавад. Масъулин иброз медоранд, ки дар асоси нақша ҳар семоҳа, каналу селпартоҳо тоза карда мешаванд, вале дар мавсими боришот ҳолатҳое ба амал меоянд, ки берун аз ҷадвал фаъолият кардан зарур мегардад, ва доштани иқтидори бештари техникӣ барои анҷоми саривақтии корҳо мусоид хоҳад буд.

Ҳамчунин барои саривақт бартараф кардани ҳолатҳои ҷорӣ шудани оби борон берун аз селпартову каналҳо навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардидааст, ки мутахасисону кормандони раёсати обёрии шаҳри Душанбе дар мавзеҳои нисбатан мураккаб фаъолият намуда ҳолати каналу селпартоҳоро мунтазам назорат менамоянд. 

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"