image

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range18.01.2024, 10:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye295

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ мулоқот бо роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дастгоҳи раиси ноҳия баргузор шуд.

Маърӯзачиён қайд намуданд, ки Пешвои миллат зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси солҳои охир, ҳанӯз баъзе ҷанбаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани сифати тарбияи кадрҳо, аз байн бурдани мушкилоти норасоии мутахассисон ва омилҳои коррупсионӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби соҳа мебошанд.

Барқарорсозии қобилияти меҳнатии шахсони маъюб ва таъминоти онҳо бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият бахшидани фаъолияти байнисоҳавии вазорату идораҳо дар самти ҳалли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, бо дарназардошти беҳтар намудани иқтидори заминавию захиравии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бозбинӣ намудани сохтори соҳа, ҳамчунин, андешидани чораҳои мушаххасро тақозо дорад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"