Идомаи бунёди роҳҳои дусатҳа дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои С.Айнӣ, Шевченко ва М.Назаршоев маҷмааи меъмории «Майдони Ғалаба» ба ҳудуди «Боғи Ғалаба» кӯчонида мешавад. Ин тадбир дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар ин самт бо дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мутахассисони варзида кор мебаранд. Дар айни замон дар мавзеи нави интихобшудаи ҳудуди «Боғи Ғалаба» корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Қаблан аз Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ дода буданд, ки тибқи нақша, давоми солҳои оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд. Бунёди роҳҳои дусатҳа ба бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд.
Инчунин дар ҷараёни бозсозии ин гуна роҳҳо пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, бунёди эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст.
Ҳадафи асосии «Азнавсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Неъмат Қарабоев то кӯпруки болои дарёи Душанбе» – кам намудани садаманокӣ, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётию пиёдагардон, аз ҷумла аз байн бурдани танбашавии воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ба он пайваст мебошад. Дар оянда ба самти дарёи Душанбе навсозии хиёбони С. Шерозӣ (васеъкунии бистари роҳ, ивази рӯйпӯш, сохти новаҳо, хати сабзазор ва ғайра) бо дароз намудани гузаргоҳи зеризаминӣ ба назар гирифта шудааст. Ҷиҳати бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон чароғакҳои раҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонагузории амудию уфуқӣ ва воситаҳои муҳофизатии оҳанӣ пешбинӣ шудаанд. Дар оянда пули мошингарди болои дарёи Душанбе аз кучаи Даврӣ-Ҷанубӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров бо дарозии умумии пул бо гардишҳои нақлиётии 2,57 км, масоҳати умумии 733 ҳазору 22 м2 дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ки бунёди роҳҳои замонавӣ дар пешрафти шаҳрҳо саҳми назаррас доранд. Сохтмони ин шоҳроҳҳо симои пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанберо давоми чанд соли оянда ба куллӣ тағйир медиҳад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ