image

Ба муқобили омилҳои номатлуб якҷоя мубориза мебарем

date_range24.01.2024, 15:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye448

«Ба муқобили омилҳои номатлуб якҷоя мубориза мебарем»-таҳти ҳамин унвон дар доираи нақшаи чорабиниҳои якҷоя бо иштироки роҳбарияти Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҷинояткории ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба масоили марбут ба ҳамкориҳои тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила баргузор гардид.

Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, авбошии ноболиғон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша намуданд. Инчунин, оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан ва дурӣ ҷӯстан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ суханрониҳо карда шуда, наврасонро бо омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.

Ҳамзамон, баромадкунандагон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он, садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон ёдоварӣ намуда, махсус қайд намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи шумо наврасону хонандагон ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.

Дар ин замина бо иштироки масъулин дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 ба номи Лоиқ Шералии ноҳияи Сино низ мулоқот доир гардид, ки дар он хонандагони синфҳои болоии ин муассисаи таълимӣ ҳузур доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ давоми се соли охир ба як қатор дастовардҳо, аз ҷумла дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии пайвастаи хонандагону омӯзгорон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сохтмону муҷаҳҳазгардони муассисаҳои нави таълимӣ, муҳайё гардидани шароити арзанда дар самти таълиму тарбия, ташкилу баргузории озмуну олимпиадаҳо, ҷалби ҳар чи бештари хонандагон ба озмуну олимпидаҳо, рушди ҳаракати олимпӣ вағолибият ва нишон додани натиҷаи назаррас аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ноил гардидаанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"