Омодагӣ ба фасли баҳор ва ҷашни фархундаи Наврўз - Парвариши гулу буттаҳои ороишӣ дар КВД «Сабзкор»-и шаҳри Душанбе
Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкор»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри парвариши гулҳои ороишии мавсимию бисёрсола, дарахтони ороишӣ ва сояафкан инчунин сабзкории кӯчаву хиёбонҳо ва назди муассисаву корхонаҳои шаҳри Душанбе равона карда шудааст.
Тавре маълум аст, корҳои сабзкорӣ вобаста ба ҳар як мавсим дар пойтахт ба роҳ монда мешавад. Аз гуфтаҳои гулпарварон бармеояд, нигоҳубин ва ба воя расонидани гулҳои парваришёфта дар ин мавсим кори басо душвор мебошад. Чун ҳар як гуле, ки дар кӯчаву хиёбонҳо шинонида мешавад, парвариш ва нигоҳубини он заҳмати зиёдеро талаб менамояд.
Дар корхонаи номбурда гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола парвариш меёбанд, ки дар мавсими пеш омада, кӯчабоғу хиёбонҳои шаҳри дилоро бо чунин гулҳои парваришёфта зебу оро медиҳанд. Дар ин мавсим кормандони корхонаи мазкур дар интихоб ва кӯчонидани гулҳои мавсимӣ машғул мебошанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки дар шаҳри Душанбе корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ дар ташкилоту муассиса ва идораҳои шаҳри Душанбе тақвият ёфтааст. Дар самти нигоҳдошт ва парвариши гулҳо аз ҷониби кормандон аҳамият ҷиддӣ дода мешавад. Зеро онҳо ингуна растаниҳоро, бо як меҳнату заҳмати беандоза нигоҳубин менамоянд. Дар Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкор»-и шаҳри Душанбе намудҳои гуногуни гулҳои ороишӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд.
Ҷиҳати нигоҳдошт ва шинонидани гулҳо дар мавсими сармо аз ҷониби гулпарварон тадбирҳои соҳавӣ амалӣ шудааст. Масъулин дар доираи супоришҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Маҳз ин талошҳо боис гаштааст, ки фаъолияти корхонаи мазкур ба таври назаррас роҳандозӣ гардидааст. Дар ин радиф сокинони пойтахтро мебояд, тибқи муроҷиатномаи раиси шаҳри Душанбе оид ба “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон саҳми муносиб гузошта, дар мавсими сабзухуррамгардонӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои зебо шинонида, парвариш намоянд.
Корхона тибқи нақшаҳои корӣ ва барномаҳои ободонии МИҲД шаҳри Душанбе ва қарору супоришҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти сабзкории кӯчаву хиёбон, боғҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт корҳои хуррамгардониро ба анҷом мерасонад.
Дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкор»-и МИҲД шаҳри Душанбе 1 адад гармхонаи нави замонавӣ, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ аст, дар масоҳати 2000м2 фаъолият менамояд. Илова бар ин 4 адад гармхонаи калон дар масоҳати 5040 м2 ва 13 адад гармхонаҳои хурд аз таъмири асосӣ бароваврда шудааст, ки ҷавобгӯи ба талаботи имрӯза аст ва кори соҳаро ба маротиб осон намудааст.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ