image

Дар МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ дарахтони зиёди ороишӣ шинонида шудаанд

date_range29.01.2024, 14:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye286

Муассисаи таҳсилоти умумии №30 яке аз муассисаҳои таълимие дар пойтахт аст, ки дар самти ободониву сабзу хуррамгардонӣ дар сафи пеш аст. Чун дар ин муассисаи таълимӣ дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ ҳар мавсим шинонидаву парвариш меёбанд.

Дар мавсими ниҳолшинонии имсола дарахтони зиёди ороишӣ бо ҷалби хонандагону омӯзгорони МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ шинонида шудаанд. Ин ҳафта низ чунин иқдом роҳандозӣ гардид. Тибқи иттилоъ дар ҳама муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҳар ҳафта ҳашари ниҳолшинонӣ роҳандозӣ мешавад, ки теъдоди зиёди дарахтон дар мавзеҳои муайян шинонида мешаванд.

Ин гуна ободкориҳоро масъулин иҷрои иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт ва зебоии атрофи ин муассисаи таълимӣ маънидод карданд. Бо мақсади шукуфоии ин гӯшаи шаҳр дар мавсими ниҳолшинонӣ пайваста тадбирҳои ободониву беҳдоштӣ гузаронида мешавад.

Ободониву тозакорӣ, шинонидани гулҳои гуногуни бисёрсолаю мавсимии ороишӣ ва ниҳоли дарахтони гуногун дар тамоми корхонаву ташкилоти пойтахт ба роҳ монда шудааст ва парвариши дурусту риояи қоидаҳои агротехникӣ имкон медиҳад, ки дар аксари муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и ноҳияи Фирдавсӣ хуб нашъунамо ёфта, дар ҳама фасли сол барои зебоии муҳити атроф хизмат менамояд. Тибқи нақшаи тартибдодаи роҳбарияти муассисаи мазкур чунин тадбирҳои ободкорӣ дар оянда низ тақвият меёбанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"