image

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо роҳбарият ва кормандони МИҲД ноҳияи И.Сомонӣ

date_range30.01.2024, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye357

29-уми январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликзод Парвина бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кормандони дастоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Дар оғози мулоқот нахуст вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияту кормандон ва фаъолони ноҳияи Исмоили Сомониро бо пирӯзӣ ва ғалабаи дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб таҳният гуфта, ба футболбозони кишвар дар бозиҳои навбатӣ барор таманно намуд.

Дар идомаи мулоқот масъулин вобаста ба нишондодҳои Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар вазъ ва сатҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвари дар соли 2023 ба андозаи 8 дарсад боло рафтааст.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"