image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

date_range30.01.2024, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye349

Зимни нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ректори ин муассисаи олии таълимӣ, профессор Гулзода Маҳмадшо Қурбоналӣ таъкид дошт, ки дар сохтори Донишгоҳ Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Хадамоти ректор, 2 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 12 марказ, 5 факултет, 60 кафедра, аз ҷумла, 35 кафедраи клиникӣ, 17 кафедраи назариявии тиббӣ ва 8 кафедраи умумитаълимӣ, 20 шӯро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ фаъолият мекунанд.

Инчунин дар донишгоҳ 5 факултет – тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ мавҷуд буда, 35 кафедраи клиникии Донишгоҳ дар пойгоҳҳои 27 муассисаи тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд. Бо иқдоми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми майи соли 2023, №219 дар бинои собиқ таълимию маъмурии Донишгоҳ воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-139 Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шуд.

Дар идома ректори донишгоҳ афзуд, ки дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯйи 5 ихтисос – «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд. Ҳамчунин, дар Донишгоҳ аз рӯйи 40 ихтисос омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ - таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура, доктор (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалия барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тиб ба роҳ монда шудааст.

Дар Донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 12631 нафарро ташкил медиҳад ва бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ (1426 нафар) теъдоди умумии таҳсилкунандагони Донишгоҳ 14057 нафарро ташкил медиҳад. Аз 12631 нафар донишҷӯ, дар факултети тиббӣ 9373 нафар (74,2%), педиатрӣ 826 нафар (6,5%), стоматологӣ 1491 нафар (11,8%), фармасевтӣ 432 нафар (3,4%) ва тиббӣ-профилактикӣ 509 нафар (4%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Шумораи донишҷӯён дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 2,6% афзуда, аз 12301 ба 12631 нафар расидааст. Теъдоди донишҷӯдухтарон бошад нисбат ба соли гузашта 1,4% зиёд шуда, 5968 нафарро ташкил мекунад, ки нисбат ба шумораи умумии донишҷӯён 47,2%-ро ташкил медиҳад.

Дар Донишгоҳ дар соли таҳсили 2023-2024 1793 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла, дар сатҳи тодипломӣ 1772 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 11 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Дар Донишгоҳ таҳсил бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 490 (60,9%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 207 (25,7%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 108 адад (13,4%)-ро ташкил медиҳад.

Дар Донишгоҳ теъдоди ҳайати профессорону омӯзгорон (ҲПО) 889 нафар буда, аз онҳо 457 (51,8%) нафарашон занон мебошанд. Аз шумори умумии ҲПО 404 нафар дорои дараҷаи илмӣ, аз ҷумла, 2 нафар академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 88 нафар доктори илм, профессор, 310 нафар номзади илм, дотсент ва 485 нафар муаллими калон ва ассистентон буда, дараҷанокии илмӣ дар Донишгоҳ 45,4%-ро ташкил медиҳад. Омӯзгорони ҷавони то синни 35 сола дар давраи ҳисоботӣ 2,1 фоиз зиёд шуда, ҳоло 300 нафар (34%) мебошанд. Синну соли миёнаи ҲПО 46 солро ташкил медиҳад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"