Баргузории озмуни ноҳиявии дарёфти истеъдодҳои ҷадид дар соҳаи илму ҳунар “Нобиғагон” дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озмуни “Нобиғагон” ҷараён дорад. Дар ин замина ин озмун баргузории ҳамоишҳои маърифатӣ ба нақша гирфита шудааст. Дар Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ чорабинии маърифатии Китобдонӣ бо иштироки хонандагони таълимгоҳҳои ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид.
Дар бахши Китобдонӣ иштирокчии озмун рӯйхати китобҳои хондаи худро бояд пешниҳод намояд, ки аз доираи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ берун бошанд. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардани бардошт аз асари мутолиашуда, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзехи калимаҳо бартарӣ дода мешавад.
Иштирокчиёни озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамоянд.
Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур - ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат мебошад.
Бояд дарҷ кард, ки баъди баргузории ҳамаи номинатсияҳои озмун ва муайн гардидани ғолибон аз ҷониби аъзои ҳакамон, беҳтаринҳо ва ғолибон бо Шоҳҷоиза, ҷоиза ва мукофотпулӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ