image

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД шаҳри Душанбе дар соли 2023

date_range30.01.2024, 15:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye352

Бо мақсади баррасии мушкилоти дастовари бахши танзиму анъана ва ҷашну маросим дар ҳудуди шаҳр ин навбат дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2023 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини раиси Комиссия - муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аъзои комиссия, намояндагони сохторҳои дахлдори шаҳрӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими 4 ноҳияи шаҳр ва намояндагони Васоити ахбори омма ширкат намуданд.

Рӯзномаи ҷаласа ду масъаларо дарбар гирифт. Ин ҳам бошад
-Оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024;

- Тасдиқи Нақшаи кори Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024;

Дар ҷараёни ҷаласа котиби комиссия - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба фаъолияти комиссия баромад намуд. Зикр шуд, ки масъулони комиссия дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти марбута корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳиро миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони муассисаву корхонаҳо ба роҳ мондаанд. Зимнан дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои ҷамъиятӣ низ ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ ва дар доираи қонун гузаронидани ҷашну маросимҳо тадбирҳои судманд амалӣ шудааст.

Дар идомаи кори ҷаласаи мавриди назар муовинони раисони Комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Сино баромад намуданд.

Зимнан масъулин зимни андешаронӣ фаъолияти як солаи коммисияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими корхонаву ташкилоти ҳудуди ноҳияҳоро таҳлил намуданд. Таъкид шуд, ки дар фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ бархе камбудиву норасоӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ тақозо шуд, ки дар соли 2024 ин масъала ҳамаҷониба баррасишуда, фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе тақвият ёбад. Ҳамин тавр ҳама бандаҳои нақшачорабиниҳои Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, нақшаи кори Комиссияи доимӣ барои соли 2024 тасдиқ шуд. Ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои доимии шаҳр ва ноҳияҳои пойтахт дастуру супоришҳои судманд пешниҳод гардид.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"