image

Академияи идоракунии давлатӣ бо 32 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст

date_range30.01.2024, 13:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye234

Дар соли 2023 раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар самти иштироки ҳузурӣ ва онлайнии кормандон ва устодони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои хориҷи кишвар аз ҷумла, семинару тренингҳо, вебинарҳо, симпозиумҳо, конференсияҳои байналмилалӣ корбарӣ намудааст, ки дар маҷмӯъ шумораи зиёди чорабиниҳои гуногунҷанбаро ташкил медиҳад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи илму дониш, табодули таҷриба ва сайқал додани маҳорату малакаи касбии устодон ва кормандони Академия дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии ҳамшарик сафарҳои омӯзишӣ ташкил ва роҳандозӣ гардидаанд.

Дар идомаи нишасти матбуотии Академияи идоракунии давлатӣ ҳамчунин иброз шуд, ки Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2023 тибқи нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2023, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 28 курси нақшавӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 16 курси такмили ихтисос дар заминаи академия, 7 курси сайёри такмили ихтисос ва 2 курси таҷрибаомӯзӣ.

Баҳри ба китобхони ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷалб кардани кормандону донишҷуёни академия корҳои зиёде анҷом дода шудананд. Дар ин росто хазинаи китобхонаи ин муассисаи олии таълимӣ ғанӣ гардидааст.

Тибқи иттилои масъулин айни ҳол, хазинаи умумии китобхонаи илмӣ ва электронии академия 2 278 033 (ду миллиону дусаду ҳафтоду ҳашт ҳазору сию се) нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 22 033 (бисту ду ҳазору сию се) нусха дар хазинаи асосӣ ва 2256 000 (ду миллиону дусаду панҷоҳу шаш ҳазор) маводҳои электронии дар фонди китобхона дастрас мебошанд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"