Маросими қуръакашии мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувон
Дар Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"- и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар риштаи волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ миёни бонувон баргузор гардид.
Раҳматшо Камолзода масъули баргузории мусобиқот зимни суханронӣ қайд кард, ки Мусобиқаи волейбол байни занон, ки ҳамасола бо ҳидояти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад, ба ҳукми анъана даромада, ба яке аз мусобиқаҳои писандидаи бонувон табдилёфтааст. Ҳамзамон ба ин васила кормандони идораву сохторҳои гуногун баробари корҳои ҳаррӯза, фурсати хубе пайдо мекунанд, то ба тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи дурусти ҳаёти солим машғул шаванд.
Гуфтан ба маврид аст, ки мусобиқаи мазкур байни варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ баргузор гардида, ҳар як вазорату кумитаҳо, идораҳо, раёсатҳо, ташкилоту муассисаҳо барои иштирок дар мусобиқа ҳуқуқӣ дастаи алоҳидаро доранд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе, тасдиқ шуда, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани рӯзи Модар, тарғиб ва рушду равнақи варзиши намуди волейбол баргузор мешавад.
Расми ифтитоҳи мусобиқаи мазкур 19-уми феврал дар Маҷмааи варзишии "Қасри теннис ва намудҳои варзиши обӣ"-и шаҳри Душанбе баргузор шуда, то 6-уми марти соли ҷорӣ идома меёбад ва ғолибон дар остонаи "Рӯзи Модар" муайян ва қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ