Таҷлили Рўзи таъсисёбии Созмони хонандагон
Ҳамасола 26 – уми феврал дар ҷумҳурӣ Рӯзи таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ таҷлил карда мешавад. Дар робита ба 24-умин солгарди таъсисёбии Созмони мазкур дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Душанбе қабули тантанавии аъзои нав ба зинаи «Ворисони Сомониён» (синфҳои 5-9) ва «Сомониён» (синфҳои10-11) баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Литсей барои хонандагони болаёқат, хонандагон ва меҳмонон иштирок намуданд. Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ташкилоти худидораи хонандагон буда, ҳадафи асосии он тарбияи насли наврас, хоса мактаббачагон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон, омӯзгорон ва падару модарон мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ба воситаи се зина – «Ахтарон» (синфҳои 1-4), «Ворисони Сомониён» (синфҳои 5-9) ва «Сомониён» (синфҳои10-11) фаъолияти худро амалӣ менамояд. Дар тӯли фаъолияти 24 сола Созмони хонандагон дар пешбурди корҳои тарбиявӣ ҳамчун ҳаракати ҷамъиятии хонандагон ба сифати шарики ҳамкори муассисаҳои таълимӣ баромад намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назаррас дорад. Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ ва ватанпарастии насли наврас таъсиргузор буда, як навъ татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор меравад.
Қобили қайд аст, ки дар маросими имрӯза зиёда аз 129 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо ёд кардани савганди тантанавӣ ба сафи Созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ қабул гардида, қавл доданд, ки барои хизмат ба халқу Ватан ҳамеша омода ҳастанд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ