image

ҶАМЪБАСТИ "ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ" ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ, МИЁНИ БОНУВОН БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»

date_range06.03.2024, 10:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye218
ш.Душанбе. 06.03.2024. Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 феврали соли 2024, №62 Дар бораи баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба «Рӯзи Модар» аз 19 феврал то 06 марати соли 2024 ҷамъбаст гардид.
Дар мусобикаи мазкур 36 дастаи бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин вилоятњои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим, мудири шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидҷалол Саидзода ва дигар дитекторони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Дар байни варзишгарони ғайрикасбӣ дастаи бонувони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум, дастаи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои дуюм, дастаи Раёсати тандурусти шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм ва дастаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои чорум гардид.
Дар байни варзишгарони касбӣ дастаи бонувони Душанбе-1 сазовори чои якум, дастаи Вилояти Мухтори кўҳистони Бадахшон сазовори ҷои дуюм, дастаи вилояти Суғд сазовори ҷои сеюм ва дасти Душанбе-2 сазовори ҷои чорум гардид.
Ғолибони ҷойҳои якум бо Ҷом, медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 17000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо медал, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 14450 сомонӣ, ҷойҳои сеюм бо медал диплом ва маблағ дар ҳаҷми 9350 сомонӣ ва ҷойҳои чорум маблағ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.