Мулоқот бо ронандагони ширкатҳои «Сайёҳон» ва «Сабоҳ таксӣ»
Аъзои гурӯҳи корӣ дар рӯзи дуюми суҳбату мулоқот бо кормандони ширкатҳои нақлиёти кироявӣ бо ронандагони ҷамъиятҳои «Сайёҳон» ва «Сабоҳ таксӣ» вохӯрӣ анҷом доданд. Гузаронидани суҳбату вохӯрӣ бо ронандагон дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, мақсади он тақвияти фаъолияти «Таксии Душанбе» мебошад.
“Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”, 31-уми октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар шаҳри Душанбе, Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ таҳия шуда, мавриди амал қарор гирифт.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт – Фирдавс Саидзода дар рӯзи дуюми суҳбату мулоқот бо ронандагон ва кормандони ширкатҳои таксӣ бо мушаххасоти техникӣ ва афзалияти тамғаҳои нави электромобилҳо шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки шикрати «Сайёҳон» 3 адад электромобили тамғаи “Аён” ворид кард ва онро мавриди истифодабарӣ ва омӯзиш қарор медиҳад. Дохили кушоду барҳаво, бағоҷи калон ва захираи зиёди неруи барқ дар аккумляторҳо аз бартариятҳои асосии ин навъи электромобил мебошад. Тибқи талаботи Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то соли 2026 парки нақлиётии пойтахт бояд пурра электронӣ шавад. Бо инобати ин муқаррарот ширкатҳои таксӣ дар рақобат бо ҳамдигар кӯшиш доранд, хизматрасонии худро ҳарчи зудтар тавассути электромобилҳо ба роҳ монанд. Ширкати «Сабоҳ таксӣ» парки нақлиётии худро пурра электронӣ кард ва ширкати «Сайёҳон» то имрӯз 42 фоизи гузаришро иҷро кардааст. Дар мулоқот бо кормандони ширкатҳои кироявӣ роҳбарияти сохторҳои нақлиётии пойтахт таваҷҷуҳи ронандагонро ба таҳким бахшидани хизматрасонӣ ҷалб намуданд. Таъкид гардид, ки хизматрасонии “Таксии Душанбе” бояд намудани ибрат бошад.
Дар фарҷоми мулоқот миёни ронандагон ва роҳбарони сохторҳои нақлиётӣ мубодилаи афкор сурат гирифт ва ронандагон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ