image

Ба ифтихори "Рӯзи модар" бо ибтикори МИҲД ноҳияи Сино чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир шуд

date_range07.03.2024, 11:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye381

Ба ифтихори "Рӯзи модар" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид, ки роҳбарият занону бонувони фаъоли ноҳияро бо ин санаи хотирмон Рӯзи Модар табрик намуда, сипас барномаи фарҳангиву фароғатӣ доир карда шуд.

Дар ибтидо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино тамоми модарону бонувон ва кормандзанони ин ниҳодро ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар оғози фасли зебои баҳор ва дар арафаи соли нави аҷдодӣ таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуданд.

Тавре зикр гардид, модари тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонии миллат ҳазорон нафар шахсиятҳои оламшумулу тамаддунсозро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ парвариш карда, дар замири онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ - башардӯстиву ватанпарварӣ ва ҳунармандиву созандагиро ҷой намудааст ва ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо иффату шараф идома мебахшад.

Дар ҷараёни чорабинӣ ба иштирокчиёни он туҳфаҳои идона тақдим гардид. Дастагули мусиқии иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар васфи зан-модар бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон ба ин чорабинии хотирмони фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"