image

Баргузории чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range07.03.2024, 15:08 chat_bubble_outline0 remove_red_eye352

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо шаҳомати махсус доир гардид.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо таҳнияти бонувон иброз дошт, ки имрӯзҳо модарону бонувони мо бо фаъолияти худ дар роҳи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд ва рисолати иҷтимоии худро муваффақона иҷро менамоянд.

Таъкид гардид, ки нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Аз ин рӯ, фаромӯш набояд кард, ки волидайн имрӯз дар баробари ба камол расонидани фарзандони худ, ҳамзамон таърихи ояндаи Ватани хеш, гузашта аз ин, таърихи ояндаи башарро эҷод мекунанд. Зикр шуд, ки Рӯзи Модар ба хотири арҷмандӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба зан, тарбиядиҳандагони фарзандони Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоридан ба ин ҷашни зебои тақдимдоштаи аҷдоди пуршарафи худ ба модарон ва ниҳоят ба хотири худшиносӣ ва бедории миллӣ таҷлил карда мешавад.

Дар идома нақши бонувони фаъоли Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки теъдодашон бештар аз 150 нафар буда, дар мақомҳои роҳбарӣ низ адои вазифа мекунанд муассир арёзбӣ шуда, саҳми эшон дар пешбурди фаъолияти меъмориву шаҳрсозӣ ва лоиҳакашӣ таъсиргузор хонанда шуд.

Дар ниҳояти чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Модар дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонии бонувони ҳамаи сохторҳои Кумита, ки бо талошҳои хастанопазир бобати муаррифии санъати меъмории тоҷик ҳиссагузорӣ кардаанд, бо сипосномаву туҳфаҳои молӣ сурат гирифт.

У.Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"