image

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба гӯштин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range11.03.2024, 14:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye254

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ- «Гӯштингирӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳии мусобиқаи кушоди гӯштини миллӣ- «Гӯштингирӣ» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба гӯштини шаҳри Душанбе» иштирок намуданд.

Дар мусобиқа наздик ба 70 паҳлавон аз рӯи 7 вазн миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки бо ташаббуси ва талошҳои пайгирона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) мақоми байналмилаиро касб намуд. Ин аст, ки зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ-гӯштингирӣ аз нав эҳё ва рушд ёфта истодааст.

Ба ҷоизадорони мусобиқаи гӯштингирӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимтяи давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ медалу ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ ташкил гардид, ки онҳоро масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"