image

Тадбирҳои иҷтимоӣ дар доираи ҷашни Наврӯз

date_range18.03.2024, 11:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye202

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал дар чор нуқтаи пойтахт роҳандозӣ шуд. Ин ярмаркаҳо бахшида ба ҷашни аҷдодии Наврузӣ байналмилалӣ ташкил карда шуданд, ки дар он маҳсулоти агросаноатӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар дар асоси шартнома пешниҳоди сокинони Душанбешаҳр гардонида шуданд.

Аз ҷумла дар даромадгоҳи боғи Куруши Кабири пойтахт маҳсулоти ниёзи аввал бо нархи арзон пешниҳод шуданд. Дар ярмаркаи мазкур сабзӣ бо нархи 1 сомонӣ, карам ва пиёз 2 сомонӣ, картошка аз 3 то 4 сомонию 50 дирам, гушти гов 60 сомонӣ, орди навъи 1-ум 240 сомонӣ, 5 литр равған 65 сомонӣ, шакару биринҷ 11 сомонӣ ва дигар маҳсулот бо нархи дастрас ба фуруш гузошта шудаанд.

Ташкилу баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиву агросантӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз барои таъмини сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти хушсифат муосидат намуд. Зеро бо истифодаи ярмаркаҳои доиргардида ба миқдори зиёд навъҳои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон гардонида шуд.

Харидорони зиёд дар ярмаркаи бозори Саховати пойтахт бо мақсади харидории маҳсулоти ниёзи аввал ба назар расиданд. Дар ярмаркаи мазкур ҳама намуди маҳсулот барои харидорон дастрас буд ва бо нархи нисбати бозор арзонтар пешниҳод гардиданд.

Ташкили ярмаркаҳо ки аз 16-уми март оғоз шуда то 20-уми март идома меёбанд баҳри пур кардани дастархони сокинон дар моҳи шарифи рамазон саҳм мегузоранд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва такшилотҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва сохторҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот, Агентии захираҳои модии давлатии назди Ҳукумати ҶТ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» барои сокинону меҳмонони пойтахт махсулоти кишоварзӣ пешниҳод намуданд.

Дар назди бинои МИҲД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиву саноати хӯрокворӣ роҳандозӣ шудааст, ки барои дастрас намудани маҳсулоти арзон аз ҷониби истеъмолкунандагон заминаро муҳайё намуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"