Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон
Дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни суханронӣ аҳли нишаст ва дар симои онҳо ҳамаи кормандони низоми бонкии мамлакатро бо фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрику таҳният гуфт.
Қайд карда шуд, ки Наврӯз аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ваҳдату иттиҳод, созандагию ободкорӣ, дӯстию инсонпарварӣ ва дигар арзишҳои олии башарӣ мардумро гирди ҳам овардааст. Воқеан, чордаҳ сол пеш аз ин, яъне 23 феврали соли 2010, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси ҷашни байналмилалӣ эълон кардани Наврӯз қатънома қабул кард ва ҷашни Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, акнун дар саросари олам бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузургеро гузошт, ки ташкили давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, таъмини зиндагии шоиста ва оғози раванди созандагиву бунёдкорӣ муҳимтарини онҳо буданд.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз ҳам Ваҳдати миллӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва василаи муҳимми пешрафти ҷомеа ва давлати тоҷикон мебошанд.
Сипас, раиси маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо дар робита ба таърихи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.
Дар қисмати навбатии чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ намояндагони созмони ҷавонони бонк ва бонувони Бонки миллии Тоҷикистон бо шеъру таронаҳои ҷолиби наврӯзӣ руҳияи аҳли нишастро болида гардониданд.
Чун анъанаи нек дар доираи ҷаласаи тантанавӣ ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар байни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ