image

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range23.03.2024, 12:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye341
ш.Душанбе. 23.03.2024. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардиданд.

Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2024» ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони Душанбешаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд.

Шиору овезаҳои наврӯзӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо байту гуфтаҳои шоирону мутафаккирон ба ҳусни шаҳр намои хоса зам намудаанд.

Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз, ин таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ имрӯз масъулин ва сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти русуми мардумӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хос таҷлил намуданд.

Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Майдони 800 солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайём оғози Соли нав - Наврӯзи аҷамро ботантана таҷлил намуданд.

Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор шуд.

Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷҷасум ёфтанд. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил карданд.

Метавон гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба як шаҳри пур аз меҳр, муҳаббат, шеъру суруд, садои хандаи тифлону нағмаи булбулон табдил ёфта буд.

Қобили тазаккур аст, ки таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузории сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат сурат гирифт.