image

БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ”

date_range20.03.2024, 12:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye166
ш.Душанбе. 20.03.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, меҳмонони хориҷӣ, намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, блогерон ва рӯзноманигорони хориҷӣ, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносону муҳаққиқон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва васоити ахбори омма баргузор гардид.
Фестивали мазкур дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 ва бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, мақсади асосии он тарғиби арзишҳои умумибашарии Иди байналмилалии Наврӯз, ҷаҳонбинии таҳаммулгароӣ, покизагиву ворастагӣ, инсондӯстиву ваҳдату ҳамдилӣ, тараннуми мероси фарҳангиву таърихи тоҷикон, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва дарёфту роҳандозии ташаббусҳои созанда дар бахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи фарҳангиву сайёҳӣ ба шумор меравад.

Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе ба кори Фестивал оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёну меҳмононро ба чорабинии хайрамақдам гуфтанд.

Дар фестивали мазкур бо сухани ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод баромад намуда, иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику муборакбод намуданд.

Зикр гардид, ки бо заҳмату талош ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият дохил карда шуда, бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд ва то имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад.

Дар идомаи кори Фестивал роҳбарияти вазорату идораҳои мамлакат, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва коршиносону муҳақиқон доир ба паҳлуҳои гуногуни Ҷашни байналмилалии Наврӯз маъруза намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки Ҷашни байналмилалии Наврӯз яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.