image

Баргузории ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ

date_range04.04.2024, 14:53 chat_bubble_outline0 remove_red_eye306

Дар ҳошияи баргузории Озмуну фестивалҳои сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ бо мақсади баланд бардоштани қадру манзалати китоб дар байни ҷомеа, тибқи қарори мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2-юм то 9-уми апрел дар саросари мамлакат фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» роҳандозӣ мегардад. Дар ҳошияи ин фестивал ва бахшида ба Рӯзи пойтахт дар толори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ чорабинии зебои адабӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Дар фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Душанбе-маъвои дили тоҷикон», ки ба Рӯзи пойтахт бахшида шудааст, аҳли илму адаб, дӯстдорони китоб, роҳбарият ва кормандони китобхона ва хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт, ки дар ин китобхона аъзо мебошанд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ ҳозирин қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакат дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат шаҳри Душанбе на фақат пойтахти Тоҷикистон, балки маркази асосии илмиву фарҳангӣ, эҷодиву иттилоотӣ ва неруи зеҳнӣ ба ҳисоб рафта, он барои тамоми табақаи наслҳо ҳамчун хотираи беҳтарини аёми ҷавонӣ ва пояндагии миллат ҳисобида мешавад.

Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки миллати соҳибфарҳанги тоҷик бо оинҳои деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва бунёди марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт барномаи фарҳангиву фароғатиеро пешкаши ҳозирин намуданд, ки дар он қироати шеърҳо аз ашъори шоирону нависандагон, дар васфи пойтахти азизамон Душанбе буд пешниҳод гардид.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"