image

Даври якуми Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор шуд

date_range12.04.2024, 12:50 chat_bubble_outline0 remove_red_eye431

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» доир гашт.

Дар оғози озмун намояндагон бо хонандагон ва иштирокчиёни даври аввали Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» мулоқот намуданд. Зикр рафт, ки мақсад аз баргузории озмун ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад. Ҳамин гуна дар синфхонаҳои таълимии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур озмун шуруъ шуд. Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустаим Эмомалӣ бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба роҳ монда мешавад.

Даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур» санаҳои 11 ва 12-юми апрели соли ҷорӣ баргузор мешавад. Озмун байни хонандагони синфҳои 5–8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ дар ду бахш (назариявӣ ва амалӣ) гузаронида мешавад.

Дар даври ноҳиявии озмун шумораи иштирокчиён аз ҳисоби муассисаҳои таълимии ноҳия ба 162 нафар хонанда расид, ки ин аз боз ҳам зиёд будани майлу рағбати хонандагон ба забонҳои хориҷӣ гувоҳӣ медиҳад. Бо мақсади таъмини шаффофият, эътимод ба баҳогузорӣ ва дар сатҳи баланди зарурӣ баргузор шудани озмуни мазкур ҳайати ҳакамони даври ноҳиявӣ аз ҳисоби омӯзгорон ва мутахассисони баландтаҷриба, кордон ва варзида интихоб шудааст. Дар ҳар давр вобаста ба ҳар номинатсия то 3 ғолиб (ҷойи якум 1 нафар, ҷойи дуюм 1 нафар ва ҷойи сеюм 1 нафар) муайян карда шудааст.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"