image

Рӯнамоии тарҷумаи китобҳои устод Садриддин Айнӣ “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон: “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”

date_range16.04.2024, 12:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye375

Дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 146- умин зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ рӯнамоии тарҷумаи китобҳои устод “Ҳамосаи миллии Тоҷикистон: “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик”, ки бо забони англисӣ дар нашриёти “Роутлиҷ, Лондон-Ню-Йорк” ба табъ расидааст баргузор гардид.

Ин маҳфил мутахассисону адибон ва дӯстдорони каломи бадеро ба ҳам овард. Дар рӯнамоии ду китоби устод Садриддин Айнӣ як қатор устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ нақши назарас доранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки устод Садриддин Айнӣ на танҳо асосгузори адабиёти нави тоҷик, нависанда ва шоири маъруф аст, балки бунёдгузори илму фарҳанги навини халқи тоҷик низ ба шумор меравад. Ӯ аз зумраи бузургтарин фарзандони халқамон аст, ки дар нимаи аввали асри 20 дар Самарқанди илму адабпарвар машъали илму маърифатро афрӯхта, роҳи мардумро ба оянда мунаввар намудааст.

Устод Айни аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст. Тавлиди адабиёти нави тоҷик ба номи ӯ сахт вобаста аст.

Дар идомаи чорабинӣ баромадкуннадагон аз хизматҳои беназири Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ёдовар шуда, доир ба фаъолияти эҷодию адабии он суханронӣ карданд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"