image

Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

date_range17.04.2024, 11:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye335

Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардид.

Даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо суханронии Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон шуруъ шуд. Шоири Ватансаро аз хонандагон, наврасон ва насли ояндаи кишвар даъват кард, ки рӯ ба адабиёту китобхонӣ оранд ва китобдор бошанд. Зеро ҳар инсон маҳз бо мутолиаи китоб метавонад заминаҳои донишу фаҳмиши худро устувору мукаммал гардонад.

Гуфта шуд, ки имрӯз мо дар ҷомеа шеъру китоб, асару маҷаллаҳои кӯдакона дорем, вале таассуф, ки филмҳои бачагона надорем. Истифодаи барзиёди телефони мобилӣ ва шабакаи интернет ба мафкураи насли ояндаи кишвар ба ҷуз зарар манфиате намебахшад. Дар ин толор ҳамзамон аз волидон ва омӯзгорон тақозо шуд, ки дар таълим ва ватандӯст тарбия кардани кӯдакону наврасон саҳми арзанда бигзоранд.

Сафарзода Давлат Шариф Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ҳар нафаре, ки ҳадди ақал як китоб хондааст, хеҷ гоҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил намешавад. Зеро ӯ аллакай боҳуш аст. Озмунҳои гуногуни китобхониву китобдорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳам маҳз ба хотири баланд бардоштани савияи дониши насли ояндаи кишвар роҳандозӣ мегардад.

Дар ҷараёни даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» донишмандон таъкид карданд, ки давоми 30 соли истиқлолият агарчӣ солу моҳҳои буҳрони иқтисодӣ доштем, вале китобу рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамарӯза нашру чоп мешуданд. Ин далолат аз он медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг ва китобу китобдориро ҳамеша зери таваҷҷуҳи худ қарор додаанд.

Дар фарҷоми Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» хонандагони фаъол, китобдорон, мудирон ва директорони китобхонаҳои муассисавӣ, ноҳиявию шаҳрӣ бо диплому сипоснома ва ифтихорномаву дигар мукофоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"