Баргузории рӯзи мудофиаи гражданӣ дар МТМУ №102
Бо мақсади омода будан ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодисаҳои табиӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ бо ҷалби хонандагон ва кормандони соҳа дарсҳои намунавӣ доир карда мешаванд. Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва устодону хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуд. Дар дарси намунавии мудофиаи гражданӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ иштироки фаъолона доштанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки мудофиаи гражданӣ ин маҷмӯи чорабиниҳо оид ба омодасозӣ ва ҳифзи аҳолӣ, арзишҳои моддию фарҳангӣ аз хатарҳо мебошад, ки бар асари амалиёти ҳарбӣ ва ё оқибатҳои онҳо, инчунин ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба амал меоянд. Дар идомаи дарси намунавӣ намоиши тасвирҳои хонанадагон вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нохуши сӯхтор намоиш дода шуд.
Пас аз садо додани бонги хатар сардори ситоди мудофиаи гражданӣ, нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании муассисаро, ки аз ҳисоби хонандагон буданд, ҷамъ намуда ба онҳо барои бартарфкунии ҳолатҳои фавқулодда вазифагузорӣ намуд. Бояд гуфт, ки бо мақсади бартарфнамудани мушкилоту монеаҳо ҳангоми ба амал омдани ҳолатҳои фавқулодда аз ҷониби масъулин чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ва дарсҳои намунавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ширкати хонандагон доир мегардад. Дар машқҳои намунавии мудофиаи гражданӣ намояндагони мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Шуъбаи маорифи ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат ва аз рафти дарси намунавии мудофиаи гражданӣ дидан карданд.
Дар ҷараёни дарси намунавӣ нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждани муассиса пас аз гирифтани супориш ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, баҳри наҷоти зарардидагон шитофтанд. Нерӯҳои ғайриҳарбии муассиса дар ҳамкорӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Душанбе хонандагонро аз ошёнаҳои болоии муассиса ба поён фароварда, бо кӯмаки табибон ба онҳо ёрии аввалия расонида шуда, сипас ба беморхона интиқол ёфтанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ