Ба муносибати Рӯзи пойтахт дар Китобхонаи давлатии баччагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар ҳамоиши идона баргузор шуд
Ҳамасола Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо шаҳомати хосса доир карда мешавад. Дар ин баробар корхонаҳои шаҳрӣ ва муасисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳр чорабиниҳои маърифатию фарҳангиро доир менамоянд, ки барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинон, тарбияи хонандагон дар рӯҳияи шаҳрдӯстӣ ва баланд бардоштани масъулияти сокинони пойтахт, бахусус наврасону ҷавонон мусоидати фаъол менамояд. Бо ин мақсад дар Китобхонаи давлатии баччагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ҳамоиши идона баргузор шуд.
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва хонандагони таълимгоҳҳои шаҳр ки ба китобхона аъзо шудаанд ширкат намуданд. Хонандагони Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур бо роҳнамоии омӯзгорон ва масъулини китобхона барномаи хуби фарҳангиро пешниҳод намуданд, ки он иборат аз рақсу сурдҳои ҷолиб, қироати шеърҳо дар васфи шаҳри зебои Душанбе ва саҳначаҳои тарбиявӣ буд.
Хонандагон бо эҳтироми хосса ва самимияти зиёд доир ба васфи Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри дилорои Душанебе шеърҳоро аз ашъори шоирони муосир қироат намуданд, ки хеле ҷолиб буд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ