image

Маросими ҷоизасупории даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” ва “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”

date_range30.04.2024, 12:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye151

Дар толори Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансур бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» доир гашт, ки дра он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Шуъбаи маорифи ноҳия ва ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» иштирок намуданд.

Қайд шуд, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вобаста ба забондон гардидани насли наврасу ҷавон роҳандозӣ гардида, бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ба забономӯзӣ, сайқал додани заковат, малакаи забондонӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинии хонандагон, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор гардид.

Сипас дар вазъияи тантанавӣ ба тамоми ғолибони даври ноҳиявии озмун диплом ва мукофотпулиҳо супорида шуд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 роҳандозӣ мегардад. Ба 12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур, ки дар даври ноҳиявӣ фаъолнокӣ нишон додан, диплом ва мукофотҳо тақдим гардида, ҳамзамон ба омӯзгорон низ сипоснома ва маблағҳо супорида шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» низ дар вазъияти тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд. Тавре, ки иттилоъ дода шуд, даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» дар шаҳри Душанбе аз рӯйи номинаҳои: Барномасозӣ, Меъморӣ, Моделсозӣ, Радиоэлектроника, Робототехника, Сайёҳӣ, Кишваршиносӣ ва Табиатшиносӣ миёни хонандагон ва довталабони он доир шуд.

Тазаккур дода шуд, ки дар ҳар давр вобаста ба ҳар номина то 3 ғолиб (ҷои якум – 1 нафар, ҷойи дуюм – 1 нафар, ҷойи сеюм – 1 нафар) муайян карда шуданд. Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври шаҳрии озмун аз рӯйи ҳар як номина дар алоҳидагӣ, ҷоиза, диплом ва мукофотпулӣ тақдим шуд. Ҳамзамон омӯзгорони ғолибони озмун низ ҷиҳати омода намудани шогирдонашон ба даври ноҳиявии ин озмунҳо бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадр гардиданд. Инчунин волидайни ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун бо Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳавасманд карда шуданд.

Дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» 12 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейу гимназияҳои ҳудуди ноҳия сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, ки ба ҳар яки онҳо дар вазъияи тантанавӣ диплом ва мукофотпулиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии ноҳияи Шоҳмансур тақдим шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"