Баргузории "Корвони саломатӣ" дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Шоҳмансур
Аз ҷониби табибони Маркази саломатии деҳоти Гулистони ноҳияи Шоҳмансур, ки зертобеи Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Душанбе мебошад, маъракаи марказонидашудаи тиббию машваратии “Корвони саломатӣ” гузаронида шуд. Ҳайати мазкур давоми 1 рӯз беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, кӯдакон ва дигар ниёзмандонро дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Гулистон аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ доданд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳаллаи номбурда дорои 4 213 хоҷагӣ буда, аҳолии маҳалла 32 951 нафарро ташкил медиҳад. Маъракаи мазкур дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД ш. Душанбе гузаронида шуда, мақсади он – пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳли ҷомеа ва баргузории муоинаи саривақтиву ройгони сокинон иборат аст. Ҳамзамон ба модарони ҷавон моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд.
Маъракаи мазкур аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо Маркази саломатии шаҳрии №3 пойтахт гузаронида шуд ва қобили тазаккур аст, ки чунин чорабиниҳо мунтазам – дар як ҳафта як маротиба дар ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
Ҳадафи “Корвони саломатӣ”- амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 дар бораи «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон″, “Стратегия оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2024” ва паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳо, кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ маҳсуб мешавад.
Дар асоси дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маъракаи мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва марказҳои саломатии маҳаллаҳои пойтахт гузаронида мешавад.
М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ