image

Баргузории маъракаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ»

date_range27.10.2022, 17:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye305

Аз ҷониби духтурони «Корвони саломатӣ» дар ҷамоати деҳоти Гиждалабоди ноҳияи Сино маъракаи марказонидашудаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» гузаронида шуд. 

Ҳайати мазкур давоми 1 рӯз беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва дигар ниёзмандонро дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Гиждалабод аз муоинаи тиббӣ гузаронида, ба онҳо машваратҳо доданд. Аз ҷумла ин навбат аз ҷониби духтурон ва мутахассисони соҳаи тиб дар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Гиждалабод тавассути дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба зиёда аз 300 нафар шаҳрванд хизматрасонии тиббии ройгон расонида шуд.

Маъракаи мазкур дар доираи татбиқи нақшаи чоарбиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуда, мақсади он аз пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳли ҷомеа ва баргузории муоинаи саривақтии сокинон иборат буд.

Барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани маъракаи мазкур гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ултрасадо ва нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд.

Ҳамзамон ба модарони ҷавон моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд.

Зимни вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ маълум гардид, ки сокинони деҳаи Гиждалабод аз ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сидқан миннатдор буда, ҷавобан ба он дар ҳама ҷодаҳо заҳмат кашида, барои солимии ҷомеа саҳм мегузоранд.

Маъракаи мазкур аз ҷониби Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо Маркази саломатии шаҳрии рақами 9 ва Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим гузаронида шуда истодааст.

Ҳадафи "Корвони саломатӣ" амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 дар бораи "Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ‎2013-2023″ ва паст намудани сатҳи гирифтории сокинон ба бемориҳои сироятӣ, маъюбшавии аҳолӣ, фавт аз бемориҳои ғайрисироятию осеббардорӣ, паст намудани мушкилоти бемориҳои ғайрисироятӣ, кам кардани паҳншавии омилҳои умумии хатари бемориҳои ғайрисироятии асосӣ маҳсуб мешавад.

Дар асоси дастури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маъракаи мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва марказҳои саломатии маҳаллаҳои пойтахт гузаронида мешавад.