Вазорати фарҳанг барои баргузории таҳқиқоти бостоншиносӣ ба олимону бостоншиносон 26 иҷозатнома дод
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории таҳқиқоти бостоншиносӣ ба олимону бостоншиносон 26 иҷозатнома дод. Дар айни замон 2 ёдгории нав дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент кашф гардидаанд. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баён намуд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон корҳо дар самти таҳия ва ворид намудани номинатсияҳои «Ахтаршиносӣ/ситорашиносӣ», афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ва «Нардбозӣ» ҳамчун бозии миллӣ ва мардумӣ, инчунин номинатсияи «Тоқӣ» ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО идома дошта, аз ҷониби Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ такмил дода мешавад.
Дар самти ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони «Фарғона-Сирдарё» корҳои номинатсионӣ идома доранд. Ҳамзамон парвандаи номинатсионии «Хутали қадим» бо фарогирии 11 (ёздаҳ) ёдгории таърихию фарҳангии ҳудуди вилояти Хатлон, аз ҷумла ёдгориҳои Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (аз ноҳияи Восеъ), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (аз ноҳияи Данғара), Шаҳристони Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвонсаройи Тоҳир (аз ноҳияи Фархор), Дайри Буддоии Хишттеппа (аз ноҳияи Ховалинг), Дайри Буддоии Аҷинатеппа (аз ноҳияи Вахш), шаҳраки Ҳалевард (аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ