
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи «Дӯстии абадӣ» иштирок намуданд
8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд.
Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад.
Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ